ВАРЗОБ ЧУН МИНТАҚАИ ТУРИСТӢ ЗЕРИ СУОЛ МЕМОНАД

Июнь 23, 2010 09:34

Душанбе, 23 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-   Ҳирси ба даст овардани пулу мол ба он оварда расонидаст, ки ҳазорон хоҳишмандони сайру сайёҳии дараи хушманзари Варзоб таи ду- се соли охир наметавонанд дар ҷойи дилхоҳашон  дам гиранд ва истироҳат намоянд. Ин мавзеъ ба минтакаи фалокатбори экологӣ табдил ёфтааст,- мегӯяд нозири экологии ин минтақа Хурсандқул Боймуродов. Дар тамоми хати ҳаракати ашхоси ба истироҳат ниёзманд деворбандии истироҳатгоҳҳои корхонаҳои ҳуқуқиву инфиродӣ имкон намедиҳанд, ки кас ба соҳили дарёчаи Варзоб наздик гардида, соате зери сояи дарахту буттаҳои он дам гирад.  Бо қарори Ҳукумати  ҷумҳурӣ Варзоб минтақаи истироҳатӣ эълон гардидааст, пас  саволи матраҳ он аст, ки   кӣ ҳуқуқи   фурӯхтану ҷудо кардани ҳар   ваҷаб замини онро барои истифодаи шахсӣ дорад,  то дигаронро     аз истироҳати ин мавзеъ  маҳрум созад.  Сайёҳ, ки бояд озод бошаду озодона аз ин дараи зебоманзар истифода кунад, бо сабаби шахсӣ шудани ҳар ваҷаб замини он дигар ҳавои сайри ин диёрро дар дил намепарварад. Уқубат он чӣ ки имрӯз ин ҷо «бунёд» мегардад на ба рушди туризм, балки  ба қатъ шудани он оварда мерасонад ва Варзоб чун минтақаи туризм ва сайёҳӣ дар мусаввараҳо боқӣ мемонад.      

Июнь 23, 2010 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид