ВАЗЪ ДАР САРҲАДИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ЧӢ ГУНА АСТ?

Июнь 16, 2010 14:46

 Душанбе, 16 июн.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон, хусусан дар минтақаҳои Мурғоб ва Ҷиргатол, ки бо  вилояти Ӯши Қирғизистон ҳаммарз аст, мустаҳкам карда шуда, он таҳти назорати қатъӣ қарор дорад, гуфт зимни баромади худ 16 июн дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов. Мавсуф нисбати баромади яке аз муовинони роҳбари Хадамоти махсуси Қирғизистон дар бораи он,  ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар нооромиҳои охири вилояти Ӯш ҳамроҳ ҳастанд, рад намуд. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон афзуд, ки нисбати ин масъала ба унвонии роҳбарони Хадамоти амнияти миллии Қирғизистон ва ҳам Ӯзбекистон нома фиристонида шудааст. Дар ин маврид, ҳамзамон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ  Шукурҷон Зуҳуров афзуд, ки Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала изҳороти расмӣ баён кард, ки дар он иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар нобасомониҳои Ӯш рад карда шудааст. Дар мавриди хавфи ворид шудани гурезаҳо аз минтақаҳои ноороми  Қирғизистон  ба Тоҷикистон, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ки то имрӯз аз Қирғизистон 173 донишҷӯе, ки асосан аз ноҳияи Мурғоб мебошанд ва дар Қирғизистон таҳсил менамоянд,  бароварда шуда,  70 донишҷӯи дигар дар қаламрави Қирғизистон қарор доранд. Бояд зикр кард, ки бар асари даргириҳои охир дар вилояти Ӯши Қирғизистон  ҳудуди 100 ҳазор гуреза қаламрави ин кишварро тарк карда,  ба Ӯзбекистон фирор намудаанд ва дар ин кишвар проблемаҳои ҷиддии гуманитарӣ ба вуҷуд омадааст. 

Июнь 16, 2010 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад