ВАЗЪИ ИҚТИСОДИ ҶУМҲУРӢ ДАР ПАНҶ МОҲИ СОЛИ РАВОН

Июнь 18, 2010 14:38

Душанбе, 18 июн. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбеоква). — Тибқи маълумоти оморӣ маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар панҷ моҳи соли 2010 тамоюли болоравӣ дошта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, он 106,2 фоизро ташкил медиҳад, вале як нуқтаро бояд қайд кард, ки  ин нишондиҳанда  дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ 107,2 фоизро ташкил дода буд, ки ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар моҳи май рушди иқтисодиёт каме  коҳиш ёфтааст. Нақши ҳалкунандаро дар ин самт коҳишёбии  фаъолият дар бозори истеъмолӣ, ки он 45 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилиро ба амал мебарорад, мебозад. Суръати афзоиши гардиши савдои чакана агарчанде боло рафта  бошад, ҳам, аммо ин нишондиҳанда дар моҳҳои январ-май нисбат ба моҳҳои январ-апрел қариб ду маротиба паст мебошад (108,8 фоиз нисбат ба 116,1 фоиз). Ҳаҷми маҷӯмўи маҳсулоти дохилӣ бошад, аз рўи  нархҳои ҷорӣ    7136,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Индекс-дефлятори маҷмӯи  маҳсулоти дохилӣ дар ҳудуди 14,2 фоиз қарор гирифт. Аз руи иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ тавонистанд, ки тамоюли пастравии нишондиҳандаҳои истеҳсолиро, ки дар давоми ду соли охир ба чашм мерасид, боздоранд ва онро дар як сатҳи муайян қарор диҳанд. Тибқи маълумотҳои ҷойдошта дар моҳҳои январ-майи соли 2010 маҷмўи маҳсулотӣ саноатӣ афзоиш ёфта, он нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 114,5 фоизро ташкил медињад ва он  бо нархҳои ҷорӣ 2 миллиарду 915,5 миллион сомониро ташкил дод. Ҷараёни барқароркуни дар соҳаи саноат асосан аз ҳисоби зиёдшавии истеҳсолоти соҳаи металлургия, (113,8  фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта), аз ҷумла истеҳсоли алюминий (110 фоиз), ки ин дар навбати худ ба ҷоннокшавии бозорҳои ҷаҳонӣ ва зиёдшавии талабот ва нархҳо ба металҳои ранга, аз ҷумла нархи   алюминий аст, ба назар мерасад. Зиёдшавии ҳаҷми маҷмӯи  маҳсулот дар дигар соҳаҳои  саноат низ ба назар мерасанд- соҳаи энергетика (34,9 фоиз), саноати молҳои  сохтмонӣ (23,2 фоиз), соҳаи мошинасозӣ ва коркарди металҳо (19,5 фоиз), саноати кимиёвӣ (34,6 фоиз), сӯзишворӣ (22,8 фоиз) ва саноати хӯрокворӣ (8,5фоиз). Бояд қайд кард, ки дар давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ  соҳаи саноати сабук, ба нишондиҳандаҳои истеҳсолии назаррас ноил нагардид (93,7 фоиз). Сабаби асосии ба чунин ҳолат дучор гаштани ин соҳа, ин паст шудани нишондиҳандаҳои саноати коркарди пахта ба ҳисоб меравад, ки он нисбат ба њамин давраи соли 2009 (14,4 фоиз)-ро ташкил дод ва дар навбати худ ин аз он   шаҳодат медиҳад, ки таъминоти иқтидорҳои истеҳсолии  мавҷуда бо ашёи хом дар сатҳи паст қарор доранд. Омили дигари тамоюли рушди иқтисоди миллӣ ин фаъол гаштани фаъолияти сармоягузорӣ дар кишвар мебошад. Дар шароити кунунӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар лоиҳаҳои зиёди инвеститсионӣ амалӣ гашта истодаанд, ки ҳаҷми он ба 1апрели соли 2010 2249,3 миллион доллари ИМА-ро дар бар мегирад, аз ҷумла дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми  сармоягузориҳо 32 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ҳаҷми умумии маблағҳои воридшуда 1миллиарду 357,5 миллион доларашро сармоягузориҳои мустақим, аз ҷумла сармоягузориҳои дар семоҳаи аввал дохилшуда 23 миллион  доллари ИМА-ро дар бар мегиранд. Дар давоми соли ҷори фаъолияти сармоягузорӣ фаъол гашта, азхудкунии онҳо босуръат идома дорад, бахусус  азхудкунии сармоягузориҳо дар соҳаи сохтмон баръало ба чашм мерасад. Дар давоми панҷ моҳи соли 2010 ҳаҷми сармоягузориҳо дар ҳаҷми умумии маблағгузориҳои асосӣ ру ба афзоиш ниҳода, он нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 21,5 фоиз зиёд гардидааст ва аз рўи арзиш ҳаҷми он 1196,6 миллион сомониро ташкил медиҳад.      Дар давраи ҳисоботӣ фондҳои асосӣ дар гардишбуда, 368,4 миллион сомонӣ, ки ин 48,5 фоиз  нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро дар бар мегирад. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 ба истифода додани манзилҳои истиқоматӣ дар майдони умумии 138,2 ҳазор  м. мураббаъ (94,9 фоиз) ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ 1316 ҷои нишаст (65,9 фоиз) зиёд гардидааст. Боронҳои пай дар пай ва пуршиддати моҳҳои апрел-майи соли равон  ба соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ хисороти ҷиддӣ расонид. Ба оқибатҳои офатҳои табиӣ  нигоҳ накарда, соҳаи кишоварзӣ истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуда истодааст. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 961,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла соҳаи растанипарварӣ -187,5 миллион солмонӣ ва соҳаи чорводорӣ – 773 миллион сомониро ташкил дод. Аз рўи ҳисоби воқеӣ маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 7,3 фоиз, аз ҷумла растанипарварӣ- 17,4 фоиз ва чорводорӣ 5,0 фоиз афзудааст. Дар давоми моҳҳои январ-майи соли 2010 суръати афзоиши боркашонӣ аз рўи тамоми намуди воситаҳои нақлиёт 5,2 фоиз афзудааст, ки ин дар маҷмӯи   22 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки боркашонӣ тавассути нақлиёти  роҳи оҳан  ҳанўз қаноатбахш набуда, дар панҷ моҳи соли 2010 он 4112,2 ҳазор тоннаро ташкил дод (74,1 фоиз), ки  дар он тамоюли пастравӣ дида мешавад ва  сабаби асосии коҳишёбии он ин боздоштани қатораҳо транзитии маҳсулоти нафтӣ, озуқаворӣ ва дигар маҳсулотҳои хаётан муҳим дар қаламрави Ҷумҳурии  Узбекистон мебошад. Ҳаҷми мусофиркашонӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса бо соли гузашта 3,7 фоиз ё ин ки 207,6 миллион нафар афзудааст. Дар соли ҷорӣ ҳаҷми фаъолияти иқтисодии хориҷӣ баркарор карда шуда истодааст, ки ин пеш аз ҳама ба фаъол гаштани савдои ҷаҳонӣ нигаронида шудааст. Тибқи маълумотҳои Хадамоти гумрук дар моҳҳои январ-майи соли 2010  ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 1415,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин дар давоми ду соли охир бори аввал аст, ки 101,2 фоизро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ташкил медиҳад. Барқароркунии гардиши савдои хориҷӣ асосан аз ҳисоби рушди иқтидори содиротӣ таъмин карда шудааст. Дар маҷмӯи арзиши содиротӣ аз рўи нарх 470,3 миллион доллари ИМА, ё ин ки  36,1 фоизро ташкил дод, ки аз як тараф ин ба болоравии нархҳои ҷаҳонӣ  ба маҳсулотҳои асосии  содиротӣ (алюминий, нахи пахта) бошад, аз дигар тараф дар паст будани  таҳкурсии соли гузашта мебошад. Нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти алюминий дар моҳи майи соли ҷорӣ  хусусияти ноустуворӣ дошта, дар доираи аз 1997 доллари ИМА барои 1 тонна то 2247 доллари ИМА қарор гирифт. Ҳоло он, ки дар муқоиса бо моҳи апрели соли ҷорӣ  нархи миёнаи алюминийи тақрибан 10-12 фоиз поён рафтааст ва нисбати моҳи майи соли 2009 бошад, он 1,4 маротиба боло рафтааст. Аз рўи пешгўии  коршиносони байналмилалӣ соли ҷорӣ тағйирёбии нархҳои ҷаҳонӣ барои маҳсулоти алюминий идома меёбад, вале  дар маҷмӯи тамоюли рушди он нигоҳ дошта мешавад, чунки талабот ба металҳои ранга зиёд гардида, он дар сатҳи баланд қарор хоҳад гирифт. Бояд, қайд кард, ки нархҳои тобӯҳроние, ки он зиёда аз 3000 доллари ИМА-ро барои 1 тонна (дар моҳи июли соли 2008) ташкил медод, танҳо дар соли 2012 ба даст овардан имконпазир мебошад. Дар моҳҳои январ-майи соли 2010 содироти алюминий аз ҷумҳурӣ 147,6  ҳазор тонна бо маблағи 322,8 миллион  доллари ИМА бо нархи миёнаи 2187 доллари ИМА барои 1 тоннаро ташкил медиҳад. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми физикӣ содироти алюминийи 12,3 фоиз  ва аз рўи арзиш 1,8 маротиба  зиёд гардидааст. Бояд қайд кард, ки нархи миёнаи 1 тонна алюминий 800 доллари ИМА ё 1,6 маротиба боло рафтааст.  Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки тамоюли болоравии нархҳои ҷаҳонӣ  ба дигар намуди маҳсулотҳои   содиротии ҷумҳурӣ нахи пахта нигоҳ дошта шудааст. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ нархи миёнаи он 406 доллари ИМА, ё  ин ки  тахминан  40 фоиз боло рафтааст. Ҳаҷми содиротӣ нахи пахта 38,3 ҳазор тонна бо маблағи 55,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин мутаносибан 23,2 фоиз ва 71,4 фоиз нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи  соли гузашта зиёд мебошад. Ҳаҷми воридот дар ҷумҳурӣ  дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ  945,3 миллион доллари ИМА, ё ин ки 10,3 фоиз нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Аз рўи сохтори воридотӣ  ҳаҷми воридоти воситаҳои нақлиётӣ тахминан ду маротиба, маҳсулотҳои равғандор 39,2 фоиз, фузулоти арзон ва маснуоти он 23,8 фоиз, воридоти қувваи барқ 84,8 фоиз ва гази табиӣ 38,7 фоиз коҳиш ёфтааст.     Бо вуҷуди он коҳишёбии мувозинати амалиётҳои воридотӣ аз содиротӣ ба беҳтаршавии тавозуни савдо, ки бақияи он то ҳанӯз манфӣ боқӣ мондааст (475 млн.доллари ИМА) ва  арзиши он нисбат ба соли гузашта қариб 33 фоиз кам гардидааст, таъсири бевоситаи худро мерасонад. Дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ тамоюли зиёдшавии даромадҳои пулии аҳолӣ ба назар мерасад, ки ин аз як тараф аз ҳисоби зиёдшавии музди меҳнат ва аз тарафи дигар ин аз ҳисоби зиёдшавии интиқоли ҳаҷми маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад. Даромади пулии аҳолӣ  дар чор моҳи соли ҷорӣ  22,8 фоиз,  музди меҳнати воқеӣ  13,6 фоиз, ё ин ки ҳаҷми миёнаи номиналӣ  347,4  сомонӣ ва маблағҳои интиқолшуда дар ин давра  (тибқи маълумотҳои Бонки миллии Тоҷикистон) 482,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва ин нисбат ба нишондињандаи њамин давраи соли гузашта 23,6 фоиз  зиёд мебошад. Дар заминаи зиёдшавии даромади пулии аҳолӣ қобилияти харидорӣ ба молҳо ва хизматрасониҳо дар бозори дохилӣ дар сатҳи муайян нигоҳ дошта шудааст. Гардиши савдои чакана дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ боло рафта, нисбат ба нишондиҳандаи хамин давраи соли гузашта он 8,8 фоиз зиёд гардида, 2439,7 миллион сомониро ташкил дод ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакии аҳолӣ, 14,3 фоиз, ё ин ки 2212,4 миллион сомонӣ афзудааст. Агар нишондиҳандаҳои ҳаҷми гардиши савдои чакана дар моҳҳои январ-май маблағи 2439,7 миллион сомониро  тибқи маълумотҳои оморӣ  нишон диҳад, дар ин сурат ҳаҷми он дар моҳи май 539,6 миллион сомонӣ не, балки ҳамагӣ 356,9 миллион сомониро бояд ташкил диҳад, ки ин    нисбат ба моҳи апрел  179,1 миллион сомонӣ кам мебошад. Аз ин бар меояд, ки индекси ҳаҷми гардиши савдои чакана дар моҳи май 79,5 фоизро ташкил дод, ки он тибқи маълумотҳои оморӣ мебоист 120,2-ро ташкил диҳад, ки ин албатта ба ҳаҷми суръати афзоиши панҷ моҳи соли ҷорӣ таъсири манфӣ расонид.  Дар давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ тамоюли болоравии нархҳои молҳои  истеъмолӣ дар муқоиса бо моҳи декабри соли 2009 ба назар мерасад. Индекси нархҳои истеъмолӣ  2,2 фоиз, аз ҷумла дар моҳи май 4  фоиз , ки он дар моҳи апрел 2 фоизро ташкил медод, боло рафтааст. Бо вуҷуди он нархҳои молҳои озуқаворӣ  дар ҳаҷми 1,4 фоиз ва молҳои ғайриозуқаворӣ  2,2 фоиз зиёд гардидааст. Аз аввали соли ҷорӣ тарифҳо барои хизматрасонӣ 6,0 фоиз афзудааст. Таварруми миёнаи солона бошад, дар сатҳи 5,4 фоиз қарор гирифт, ҳоло он ки  ин нишондиҳанда дар  моҳҳои январ-майи соли 2009 ба 9,4 фоиз баробар буд. Барои муқоиса, таваррум аз рўи ҳисоби миёнасолона дар давлатҳои ИДМ дар моҳҳои  январ-апрели соли ҷорӣ  7 фоизро ташкил дод, аз ҷумла он дар Федератсияи Россия 6,9 фоиз, Ҷумҳурии  Қазоқистон  7,2 фоиз ва Қирғизистон 2,7 фоиз. Давоми моҳи май дар бозори истеъмолии дохилӣ болоравии нархи бензин баръало мушоҳида карда шуд. Бояд қайд кард, ки дар давоми даҳҳаи охири моҳи май нархи миёнаи 1 литр бензин қариб 24 фоиз афзуда,  он аз 3,15 сомонӣ то 3,90 сомонӣ  боло рафт. Аз як тараф болоравии нархи бензин аз ҳисоби афзоиши нархҳои ҷаҳонӣ ба нафт, ки дар давоми як моҳ ба ҳисоби миёна 5-6 фоиз, ки он  дар охири моҳи май қариб 85 доллари ИМА барои 1 баррел боло рафтааст ва мутаносибан нархи бензин дар Федератсияи Россия низ баланд шудааст, мебошад. Аз  дигар тараф  болоравии нархи бензин ин аз 1-уми майи соли 2010 ҷорӣ намудани боҷҳои гумрукӣ барои содироти ин намуди маҳсулот аз ҷониби Федератсия  Россия мебошад, ки ба он 70 фоизи ҳиссаи маҳсулотҳои нафтии дохилшавандаи ҷумҳурӣ рост меояд. Ба ғайр аз ин ба болоравии нархи бензин  дар ҷумҳурӣ боз доштани қатораҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Узбекистон таъсири ҷиддӣ расонид. Афзоиши нархи бензин ба болоравии нархи баъзе намуди молхои истеъмолӣ  ба монанди гушт (5,6 фоиз), биринҷ (аз 7 то 14 фоиз), орди навъи 1-уми истеҳсоли худӣ (5 фоиз) ва сабзӣ (1,5 маротиба) таъсири худро расонид. Дар чамъбасти панҷ моҳ сатҳи таваррум  0,2 фоиз нисбати нишондоди соли гузашта боло рафт (2,2 фоиз нисбати 2,0 фоизи нишондоди соли гузашта).  

Июнь 18, 2010 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад