ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Июнь 1, 2010 13:06

Роғун,1 июн .(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Боиси хурсандист,ки дар ҷумҳӯрии мо мардуми сарбаланди  тоҷик дар лаҳзаҳои мушкил дасти якдигарро гирифта боиси рӯҳафтода нашудани якдигар мегарданд.Ҳодисаи табие ,ки бар асари офати  табии бар сари сокинони минтақаи Кӯлоб ба амал омад,ягон фарди ватандӯстро бетараф нагузошт.Дар ин ҳодисаи мудҳиш сокинони шаҳри Роғун низ бетараф наистоданд ва мувофиқ ба имкониятҳои хеш ёрии беғаразонаи  худро расонида истодаанд.  Тавре,ки ба хабарнигори АМИТ»Ховар» сардори шӯъбаи сохтмони асосии шаҳр Музаффар Абдиев иттилоъ дод,аз рӯзи фоҷиаи ба амал омада аз ҷониби мақомоти маҳаллии давлатии шаҳри Роғун ба зарардидагони ин минтақа ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ маводи хӯрока аз қабили орд,равған, биринҷ,картошка,макарон ва ашёҳои рӯзғор равон карда шуд. Дар сохтмону азнавбарқарорсозии ҷойҳои аз офати табии зарардида ҶСК»Госпестрой»роҳбараш,НеъматуллоЗайдов,ҶСК-НБО-и Роғун роҳбараш Нурулло Шулашов,ҶСШК-Хайрулло Асоев саҳми босазо гирифтанд.Ҳар як корхонаи номбаршуда аз ҳисоби маблағҳои худӣ техникаҳоро бо сӯзишворӣ таъмин намуданд ва ба минтақаи зарардида фиристоданд, Музаффар Абдиев афзуд,ки мақомоти маҳаллии давлатии шаҳри Роғун тасмим гирифтааст,ки то моҳи сентябр ба зарардидагон -4 адад хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода диҳад. Айни замон сохтмони  ду адад хона дар маҳаллаи навбунёд аз ҷонибиҶДММ»Осоиш» роҳбараш Шамсулло Ҷароилов дар якҷоягӣ бо 20 нафар коргар сохтмонро оғоз намудаанд.Коргарон бо семент,тахта, шифер ва шағал таъмин карда шудаанд.Маблағи ҳар як бинои сохташуда 190 ҳазор сомониро ташкил дода аз тарафи мақомоти иҷроияи шаҳр бо дастгирии раиси шаҳри Роғун пардохт карда шуда истодааст.

Июнь 1, 2010 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад