ЗАРАРДИДАГОНИ КӮЛОБ БА ЧӢ НИЁЗ ДОРАНД?
Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 2 июн як гурӯҳ аз хабарнигорон дар якҷоягӣ бо масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ (КҲФ МГ) аз маҳалли офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб боздид карданд. Дар ҷараёни боздид хабарнигорон аз наздик бо рафти корҳои барқароркунӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз қабили роҳ ва пул, инчунин рафти бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиии шаби 6-7 майи соли ҷорӣ шинос шуданд. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Ҳайбулло Латипов баъд аз шиносоӣ аз маҳалли корҳои сохтмонӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, то ҳол ба зардидагони офати табиӣ умумӣ ба маблағи 1 млн. 346 ҳазору 141 сомонӣ, 103 ҳазор доллар, 50 ҳазори рубли русӣ кӯмак расонида шуд. Айни ҳол ин маблағҳо дар бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» мебошад. Инчунин мувофиқи қарори Ҳукумати ҶТ одамоне, ки хонаашон ба пуррагӣ вайрон шудааст 1000 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Бояд қайд кард, ки дар ин офати табиӣ 42 нафар фавтида, аз он дар минтақаи Кӯлоб беш аз 20 нафар фавтида ба қайд гирифта шудааст. Инчунин ин минтақа умумӣ 269 хона пурра нобуд шуда, 280 хона қисман вайрон шудаанд. Дар ин офати табиӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар зарар диданд, — гуфт Ҳ. Латипов. Бино ба гуфти муовини раиси ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон Саид Абдураҳмонов, ба зарардидагон 5 маҳалла ҷудо шуда, тибқи нақша бояд то 6 ноябри соли равон 555 манзил бунёд ва ба сокинони аз боронҳои шадиду обхезиҳо осебдида такдим карда шавад. Инчунин мактаб, мағоза, хонаи кӯдакон, беморхона ва ғайра сохта мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар ин маҳалҳо айни замон ситодҳои милиса, тиббӣ ва ҳолатҳои фавқулодда назорат мегузаронанд. Аммо ба иттилои сардухтури шаҳри Кӯлоб, беш аз 40 дар сад кӯдакони аз офатҳои сел зарардидаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла дарунравӣ гирифтор шудаанд. Сабаби аслии ба ин беморӣ мубтало гардидани атфол дар панҷ маҳаллаи навбунёд нарасидани ғизо, оби софи ошомиданӣ ва ҷои хоби гарм мебошад. Ба иттилои бунгоҳи тиббие, ки дар панҷ маҳалли навбунёди шаҳри Кӯлоб фаъолият мекунад, қариб, ки ҳамарӯза 14 -15 кӯдак ба бемории данрунравӣ мубтало мегардад. Ҷумахон Шарипов духтури беморхонаи шаҳри Кӯлоб зимни сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки феълан вазъ душвор буда, онҳо ба кӯмакҳои тиббӣ, аз ҷумла доруворӣ ниёз доранд. Ба иттилои номбурда феълан дар панҷ маҳаллае, ки сохтмон идома дорад барои пешгирии беморҳои фалаҷи кӯдакон ва дарунравӣ бунгоҳҳои махсуси тиббӣ ташкил шудааст, ки ба сокинони аз боронҳои шадид зарардида хизмат мерасонад.