ЗАРАРДИДАГОНИ КӮЛОБ БА ЧӢ НИЁЗ ДОРАНД?

Июнь 3, 2010 16:03

Душанбе, 3 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 2 июн як гурӯҳ аз хабарнигорон дар якҷоягӣ бо масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ (КҲФ МГ) аз маҳалли офатҳои табиӣ дар шаҳри Кӯлоб боздид карданд. Дар ҷараёни боздид хабарнигорон аз наздик бо рафти корҳои барқароркунӣ, бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз қабили роҳ ва пул, инчунин рафти бунёди хонаҳои истиқоматӣ барои зарардидагони офати табиии шаби 6-7 майи соли ҷорӣ шинос шуданд. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ Ҳайбулло Латипов баъд аз шиносоӣ аз маҳалли корҳои сохтмонӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, то ҳол ба зардидагони офати табиӣ умумӣ ба маблағи 1 млн. 346 ҳазору 141 сомонӣ, 103 ҳазор доллар, 50 ҳазори рубли русӣ кӯмак расонида шуд. Айни ҳол ин маблағҳо дар бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» мебошад. Инчунин мувофиқи қарори Ҳукумати ҶТ одамоне, ки хонаашон ба пуррагӣ вайрон шудааст 1000 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Бояд қайд кард, ки дар ин офати табиӣ 42 нафар фавтида, аз он дар минтақаи Кӯлоб беш аз 20 нафар фавтида ба қайд гирифта шудааст. Инчунин ин минтақа умумӣ 269 хона пурра нобуд шуда, 280 хона қисман вайрон шудаанд. Дар ин офати табиӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар зарар диданд, — гуфт Ҳ. Латипов. Бино ба гуфти муовини раиси ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон Саид Абдураҳмонов, ба зарардидагон 5 маҳалла ҷудо шуда, тибқи нақша бояд то 6 ноябри соли равон 555 манзил бунёд ва ба сокинони аз боронҳои шадиду обхезиҳо осебдида такдим карда шавад. Инчунин мактаб, мағоза, хонаи кӯдакон, беморхона ва ғайра сохта мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар ин маҳалҳо айни замон ситодҳои милиса, тиббӣ ва ҳолатҳои фавқулодда назорат мегузаронанд.         Аммо ба иттилои сардухтури шаҳри Кӯлоб, беш аз 40 дар сад кӯдакони аз офатҳои сел зарардидаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла дарунравӣ гирифтор шудаанд. Сабаби аслии ба ин беморӣ мубтало гардидани атфол дар панҷ маҳаллаи навбунёд нарасидани ғизо, оби софи ошомиданӣ ва ҷои хоби гарм мебошад. Ба иттилои бунгоҳи тиббие, ки дар панҷ маҳалли навбунёди шаҳри Кӯлоб фаъолият мекунад, қариб, ки ҳамарӯза 14 -15 кӯдак ба бемории данрунравӣ мубтало мегардад. Ҷумахон Шарипов духтури беморхонаи шаҳри Кӯлоб зимни сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки феълан вазъ душвор буда, онҳо ба кӯмакҳои тиббӣ, аз ҷумла доруворӣ ниёз доранд. Ба иттилои номбурда феълан дар панҷ маҳаллае, ки сохтмон идома дорад барои пешгирии беморҳои  фалаҷи кӯдакон ва дарунравӣ бунгоҳҳои махсуси тиббӣ ташкил шудааст, ки ба сокинони аз боронҳои шадид зарардида хизмат мерасонад.    

Июнь 3, 2010 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид