ЗИНДАГИИ МАРДУМИ ДЕҲОТ БЕҲТАР МЕШАВАД

Июнь 22, 2010 14:42

Мӯъминобод,  22 июн. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). —  Котиби  аввали   сафоратхонаи  Ҷопон  дар  Тоҷикистон  ҷаноби  Қозуя Харада  ва  раиси   ноҳияи  Мӯъминобод  Сафаралӣ  Зокиров   имрӯз   барои  иҷрои   чор  барнома   дар  ноҳияи  Мӯъминобод  созишнома  имзо  карданд.  Ҳадафи  барномаҳои  мазкур  беҳтар  намудани  шароити  зиндагии  мардум, қобили  кишт гардонидани  қитъаҳои нави   замин  ва  пешрафти  соҳаи  кишоварзӣ  дар  ноҳия  мебошад.  Ҳукумати  Ҷопон  барои  иҷрои  барномаҳои  мазкур  ба таври  ройгон  қариб  300 ҳазор  доллари  ИМА  ҷудо  кардааст. Тибқи  барномаи  аввал  дар  байни  се  деҳаи  ноҳия – Сиҷодара, Таги  туто  ва  Боғаладод  сими  барқ  кашида  мешавад. Бояд  гуфт, ки  аҳолии  ин  деҳаҳо  то  ҳол  аз истифодаи  қувваи барқ  маҳрум  буд.  Дарозии  хати  интиқоли  қувваи барқ  зиёда  аз 4  километр  мебошад. Барои  сохтмони он   бештар  аз  80  ҳазор  доллар  сарф  карда  мешавад. Мувофиқи  барномаи дуюм  роҳи  байни  деҳаҳои Ғеш  ва Саркорон   пурра  тармим  карда  хоҳад  шуд. Ҳукумати  Ҷопон  барои  иҷрои  ин  барнома  81  ҳазору  738  доллар   ҷудо  намудааст. Барномаи  сеюм   ба  васеъ  кардани   канал  дар  деҳаи Тутқавули  ҷамоати  Деҳи  баланди  ноҳия  марбут  мебошад. Ба  туфайли  васеъ  гардидани  канал   масоҳати  хеле  зиёди   замин  қобили  кишт  гардонида  хоҳад  шуд. Дар  ин  ҷо  инчунин   хобондани 1100  метр  қубури  об  пешбинӣ  карда  мешавад. Тибқи  барномаи  дигар  барои  сохтани  анбори   маҳсулоти  кишоварзӣ  дар  деҳаи  Хонатароши  ноҳия  84  ҳазору  841  доллар  сарф  карда  хоҳад  шуд. Бояд  гуфт, ки  Ҳукумати  Ҷопон  барои   пешрафти   соҳаҳои  гуногуни иқтисодиёт бо  ҳукумати  Тоҷикистон  самарабахш  ҳамкорӣ мекунад. Бо  ин  мақсад  дар  давоми  чанд  соли охир  барои  амалӣ  сохтани  250  барнома   қариб 17  миллион  доллари  ИМА  ҷудо  карда шуд.

Июнь 22, 2010 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад