ЗИЁДА АЗ 13 КГ МАВОДИ НАШЪАДОР ДАРЁФТ КАРДА ШУД

Июнь 4, 2010 11:10

Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби шӯъбаи 3 раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар назди бозори «Ҷал-Ҷам»-и ноҳияи Синои пойтахт шаҳрвандон Азим Шоҳмастонови 24 – сола ва Сабзалӣ Мавлонназарови 36 — сола сокинони ноҳияи Роштқалъа, дастгир карда шуданд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи А. Шоҳмастонов 9 кг 300 гр маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин аз ҷониби шӯъбаи мазкур дар қишлоқи  Ҷавонии ноҳияи Ҳисор             шаҳрванд Одил Носирови 37 – сола, истиқоматкунандаи ҷамоати Дурбад дастгир шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи дастии ӯ 4 кг 934 гр маводи нашъадори сахтаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд.    Нисбати ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Июнь 4, 2010 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд