ЗИЁДА АЗ 13 КГ МАВОДИ НАШЪАДОР ДАРЁФТ КАРДА ШУД
Душанбе, 4 июн. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби шӯъбаи 3 раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар назди бозори «Ҷал-Ҷам»-и ноҳияи Синои пойтахт шаҳрвандон Азим Шоҳмастонови 24 – сола ва Сабзалӣ Мавлонназарови 36 — сола сокинони ноҳияи Роштқалъа, дастгир карда шуданд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи А. Шоҳмастонов 9 кг 300 гр маводи нашъадори ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд. Инчунин аз ҷониби шӯъбаи мазкур дар қишлоқи Ҷавонии ноҳияи Ҳисор шаҳрванд Одил Носирови 37 – сола, истиқоматкунандаи ҷамоати Дурбад дастгир шуд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи дастии ӯ 4 кг 934 гр маводи нашъадори сахтаъсири героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






