ҒАСБИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ЗАМИН ДАР ХОВАЛИНГ

Июль 14, 2010 09:39

Қурғонтеппа, 14 июл. (АМИТ «Ховар»,  Мурод Сотиев).-Аз тарафи  Прокуратураи ноҳияи  Ховалинги  вилояти Хатлон  нисбат ба сардухтури  дармонгоҳи  маҳаллии  ҷамоати «Шугнов»-и  ноҳияи мазкур  Фақир Зайфуллоев  парвандаи ҷиноятӣ   кушода шуд. Тавре муфаттиши  прокуратураи  ноҳияи Ховалинг  Абдуғанӣ Қараев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, аз ваколати хизматии худ истифода бурда, Ф.Зайфуллоев 0,7  гектар қитъаи  заминро ба ҳудуди  беморхонаи маҳаллӣ дохил намуд. Тибқи маълумоти  муфаттишон дар кирдорҳои Ф.Зайфуллоев  вайронкунии  қонуни  заминистифодабарӣ дида мешавад. Айни замон аз рӯи далелҳои мавҷуда  нисбат ба Ф.Зайфуллоев парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда ,тафтиш идома дорад,-«зикр намуд муфаттиши  Прокуратура. Тибқи маълумоте , ки  аз Прокуратура дастрас намудем , тӯли солҳои 2008-2009 дар ноҳияи  Ховалинг  ҳамагӣ  12 парвандаи  ҷиноятии характери коррупсионӣ дошта кушода шудааст.  

Июль 14, 2010 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд