ҲАЛОКАТИ ДУ НАФАР ДАР ОБ
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 3 июли соли равон истиқоматкунандаи шаҳраки Вахши ноҳияи Вахш ҳангоми оббозӣ дар канали Вахш ғарқ шуд. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷасади номбурда то ҳол дарёфт нагардидааст. Корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд. Инчунин, рӯзи 3 июл истиқоматкунандаи ноҳия Шаҳритус ба дарёи Кофарниҳон афтида, ғарқ шуд. Ҷасади номбурда бо ёрии афсарони ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳия дарёфт гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






