ҶАЛАСА ДАР ҲУЗУРИ ПРЕЗИДЕНТ
Имрўз 3 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор оид ба натиҷаҳои иҷрои буҷети давлатӣ дар нимсолаи якум ва нақшаҳои минбаъда дар ин самт машварат орост. Оид ба натиҷаҳои иҷрои буҷет дар шаш моҳи соли равон гузориши Вазири молия ва роҳбарони дигар сохторҳои масъул шунида шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки барои таъмини пурра ва саривақтии даромадҳо ба буҷети давлатӣ дар муддати 15 рўзи оянда нақшаи чорабиниҳо таҳия ва пешниҳод карда шавад ва дар семоҳаи сеюми соли равон баҳри бартараф намудани қафомонии мавҷуда тадбирҳои судбахш амалӣ гарданд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки баҳри ошкор кардани пинҳонсозии даромадҳо аз андозсупорӣ, пешгирии саркашӣ аз супурдани андозҳо ва сарфакорона истифода бурдани маблаѓҳои буҷетӣ чораҳои муассир амалӣ карда шаванд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуд, ки маошу нафақа дар соҳаҳои иҷтимоӣ саривақт ва пурра пардохт карда шаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






