ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲО ХУРСАНДИБАХШАНД

Июль 29, 2010 11:05

Хуҷанд, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ, Мирзалӣ Амонов).- 27 июл нишасти матбуотии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.    Дар нишаст аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Каримов О.Қ. зикр гардид, ки ҷомеаи меҳнатии ДДҲБСТ – ро имрӯз боз як иқдоми маорифпарваронаю ғамхории падарона, ки он аз таваҷҷӯҳи  ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишгоҳамон башорат медиҳад,  сарбаланду сарфароз гардонидааст. Сарвари давлатамон дар мавриди суханрониашон аз минбари ҷаласаи роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд (11.07.2010) баробари дигар вазифагузориҳо дар назди ходимони соҳаи маориф таъкид карданд: «Ҳамчунин сохтору мақомоти дахлдор то ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расонидани бинои сохтмонаш нотамоми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес  ва сиёсати Тоҷикистонро, ки хишти аввали онро ҳанӯз соли 2007 гузошта будем, таъмин намоянд.»   Ҷиҳати татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои созандаи Ҷаноби Олӣ бобати ислоҳоти куллии соҳаи маориф, ҳамоҳангсозии низоми миллии таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва дар мавриди баланд бардоштани сифати таҳсил, донишу ҷаҳонбинии донишҷӯён, бархурдории онҳо аз дастовардҳои илмию техникӣ, ба тарзи ҳаёти солим роҳнамун сохтани муҳассилин дар давоми нимсолаи аввали Соли маориф ва фарҳанги техникӣ ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Имрӯз боргоҳи маърифат дар радифи беҳтарин донишгоҳҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай номнавис гардида, дар самти минтақашиносии Донишгоҳи Созмони ҳамкориҳои Шанхай фаъолияти хешро беш аз пеш вусъат мебахшад. Ба қарибӣ дар донишгоҳ Шӯрои махсусгардонидашудаи дифои рисолаҳои номзадӣ аз ихтисоси иқтисодиёт таъсис дода шуд. Ин тадбир ба масъалаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ – педагогӣ, баланд шудани нуфузи иқтидори зеҳнии донишгоҳ мусоидат хоҳад кард. Дар давоми нимсолаи аввал 7 нафар устодони ҷавони донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Ба муҳассили соли сеюми факултаи Технологияҳои компютерӣ ва ҳисобгирии донишгоҳамон Азизхӯҷа Ҳомидов насиб гардид, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ сазовори ҷои аввал ва медали тилло гардад. Инчунин 2 нафари дигар муҳассилини донишгоҳ дар олимпиада мақоми дуюм ва 1 нафар соҳиби ҷои сеюм гардиданд. Дар миёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ин нишондиҳанда дастоварди аз ҳама беҳтар маҳсуб мегардад.   Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори умум  пурмӯҳтаво ҷараён гирифт.

Июль 29, 2010 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!