«ҶОМИ ШАҲРДОРӢ» СОҲИБАШРО ПАЙДО КАРД

Июль 9, 2010 11:24

Душанбе, 9 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дастаи футболбозони Раёсати молияи Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар  мусобиқаи футболи хурд байни кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб баромада,  соҳиби «Ҷоми шаҳрдорӣ» гардид. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи «Спартак» гузаронида шуда, дар он 24 даста дар чор гурӯҳ  бо ҳам қувва озмуданд. Зинаи дуюми мусобиқаро  дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе  ишғол намуда, КВД «Обу корези Душанбе» сазовори ҷойи сеюми мусобиқа гардид. Ҷараёни бозиҳои дастаҳоро доварони ботаҷрибаи мактабҳои варзишии пойтахт назора карданд. Ба ғолибони зинаҳои дуюм ва сеюми мусобиқа ва беҳтарин футболбозон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи  футболи  хурд бо мақсади ҷалби ҳар чӣ бештари шаҳрвандон, афзун гардонидани таваҷҷӯҳи роҳбарони вазорату идораҳо,  сохтору муассисаҳои давлатӣ ба варзиш мебошад.

Июль 9, 2010 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад