16 КӮДАКИ СОЛИМ АЗ МОДАРОНИ МУБТАЛО БА ВИЧ
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). –16 кӯдаки солим аз модарони мубталои ВИЧ, ки таҳти назорат буданд, ба дунё омаданд, иттилоъ дод Раиси маркази мубориза бо ВИЧ/СПИД Муродалӣ Рӯзиев. Инчунин қайд намуд, ки кӯдакони мубталои ВИЧ/СПИД аз соли оянда илова ба кӯмаки ғизоӣ ва доруи зарурӣ ҳар моҳ 230 сомонӣ кӯмакпулӣ дарёфт хоҳанд кард. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии мамлакат аз 2204 нафар сироятёфтагони ВИЧ-и ба қайд гирифта шуда, 486 нафар бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд. Дар мудати 6 моҳи сипарӣ гардида дар ҷумҳурӣ аз ташхиси ВИЧ/СПИД 109 705 нафар гузаштанд, ки аз онҳо 77 505 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. «Ҳамагӣ дар Тоҷикистон 41 кӯдаки мубтало ба вируси камбуди масъунияти инсонӣ сабти ном шудаанд, ки аз модарони дорои ин вирус ба дунё омадаанд. Бояд қайд намуд, ки ин кӯдакон ба монанди кӯдакони дигар ба боғча ва мактаб мераванд. Дар ин ҳолат кормандони мактаб ва боғчаҳо маъмулан аз дастрасии кӯмаки аввалия ба кӯдакон бохабар ҳастанд ва набояд мушкиле дар ин замина эҷод шавад», — гуфт М.Рӯзиев.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






