16 КӮДАКИ СОЛИМ АЗ МОДАРОНИ МУБТАЛО БА ВИЧ

Июль 16, 2010 12:20

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). –16 кӯдаки солим аз модарони мубталои ВИЧ, ки таҳти назорат буданд,   ба дунё омаданд, иттилоъ дод  Раиси маркази мубориза бо ВИЧ/СПИД Муродалӣ Рӯзиев. Инчунин қайд намуд, ки  кӯдакони мубталои ВИЧ/СПИД аз соли оянда илова ба кӯмаки ғизоӣ ва доруи зарурӣ ҳар моҳ 230 сомонӣ   кӯмакпулӣ  дарёфт хоҳанд кард. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустии мамлакат аз 2204 нафар сироятёфтагони ВИЧ-и ба қайд гирифта шуда, 486 нафар бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд. Дар мудати 6 моҳи сипарӣ гардида дар ҷумҳурӣ аз ташхиси ВИЧ/СПИД  109 705 нафар гузаштанд, ки аз онҳо 77 505  нафарашонро занон ташкил медиҳанд.  «Ҳамагӣ дар Тоҷикистон 41 кӯдаки мубтало ба вируси камбуди масъунияти инсонӣ сабти ном шудаанд, ки аз модарони дорои ин вирус ба дунё омадаанд.  Бояд қайд намуд, ки ин кӯдакон ба монанди кӯдакони дигар ба боғча ва мактаб мераванд. Дар ин ҳолат  кормандони мактаб ва боғчаҳо маъмулан аз  дастрасии  кӯмаки аввалия ба кӯдакон бохабар ҳастанд ва набояд мушкиле дар ин замина эҷод шавад», — гуфт М.Рӯзиев.    

Июль 16, 2010 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар