26 ФОИЗИ ГАНДУМ ҶАМЪОВАРӢ ГАРДИД

Июль 1, 2010 08:34

Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Тибқи маълумоти фаврии маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар ҳамаи ноҳияҳои ғаллакори ҷумҳурӣ дар масоҳати 247 ҳазору 211 гектар гандум кишт карда шудааст, ки то 30 –юми июни соли ҷорӣ майдони 68 ҳазору 326 гектар, ки 27,6 фоизи умумии замини кишти гандумро ташкил медиҳад даравида шудааст. То 30 –юми июн аз масоҳати даравидашуда   54 ҳазору 688 гектари он кӯфта шуда 148 ҳазору 872 тонна ҳосили гандум ба даст оварда шудааст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, ҳосили ба даст овардашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 ҳазору 973 тонна  зиёд аст. Ҳосилнокии ғаллаи куфташуда бошад аз ҳар як гектар 27, 2 сентнериро ташкил додаст, ки нисбат ба соли 2009 0,6 сентнерӣ  камтар аст.                            

Июль 1, 2010 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад