458 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА БАСТА ШУДАНД

Июль 30, 2010 10:11

Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки барои дағалона вайрон кардани талаботи қонунгузории ҶТ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, стандарт ва меъёрҳои экологӣ 715 мавод ба маблаги умумии 458 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шудааст. Аз ҷумла 37 мавод ба маблағи 248 ҳазор сомонӣ ба суди иқтисодӣ, 112 мавод ба маблағи 42 ҳазор сомонӣ ба прокуратура ва 566 мавод ба маблағи 168 ҳазор сомонӣ ба судҳои ноҳиявӣ пешниҳод карда шуда, тавассути ҳалномаҳои онҳо 130 ҳазор сомонӣ ба манфиати кумита ситонида шудааст. Натиҷаҳои санҷиши кормандони кумита дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Варзоб нишон дод, ки дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишини деҳот барои муваққатан ҷамъ намудани партовҳо нуқтаҳои партовҷамъкунӣ вуҷуд надорад, аз ин рӯ мардум партовҳои худро дар ҷойҳои ғайрирасмӣ: лаби дарё, ҷӯю канал, шафати роҳ ва заминҳои кишоварзӣ партофта, ба ифлосшавии муҳити зист ва манбаи захираҳои обӣ роҳ додаанд.

Июль 30, 2010 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад