49 ФОИЗИ МАЙДОНИ ГАНДУМЗОР ДАРАВИДА ШУД
Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 247 ҳазору 211 гектар кишти гандум гузаронида шуда то имрӯз майдони 122 ҳазору 198 гектари он даравида шудааст. Аз майдони даравидашуда 103 ҳазору 189 гектараш кӯфта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 30 гектар камтар аст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, ҳосили ғаллаи кӯфташуда 281 ҳазору 817 тоннаро ташкил медиҳад, ки он аз нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 21 ҳазору 8 тонна камтар аст. Ҳосилнокии заминҳои кӯфташуда 27,3 сентнериро аз ҳар гектар ташкил медиҳад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






