АФЗОИШИ ВОРИДОТИ АНДОЗ ДАР ШАШ МОҲ

Июль 28, 2010 15:32

Душанбе, 28 июл. (АМИТ « Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Тибқи маълумоти   фаврии Вазорати  молияи  ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии  буҷаи давлатӣ  дар нимсолаи  аввали соли 2010 2467,2 миллион сомониро  ташкил дод. Тавре ба мухбири  АМИТ «Ховар» аз Вазорати   молияи  ҷумҳурӣ  хабар доданд, ҳаҷми умумии   буҷаи давлатӣ  дар моҳҳои  январ-майи соли 2010  2080,2   миллион сомониро   ташкил додааст, ки  ин ба 95  фоизи нақша баробар аст. Воридоти  андозҳо  дар ин давра  1607,6  миллион сомонӣ   буда, дар  муқоиса  бо ҳамин давраи  соли гузашта 234,3  миллион сомонӣ зиёд  аст. Аз андозҳои   асосӣ андоз  аз даромад ва андоз  аз фоида дар    моҳҳои январ- майи соли  ҷорӣ  нисбат ба  ҳамин давраи  соли гузашта 61,6 млн. сомонӣ  аксизҳо  4,6 млн. сомонӣ ва андоз аз арзиши    изофашуда 69 миллион  сомонӣ зиёд шудааст.    

Июль 28, 2010 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад