« АКАДЕМИЯИ ТОБИСТОНА» ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 21 июл. ( АМИТ « Ховар», Людмила Дубинина). Бори шашум астки ҳангоми таътили тобистонаи донишҷӯён озмуни « Академияи тобистона», ки аз ҷониби маркази фарҳангию иттилоотӣ- маърифатии «Вектор Интеллект» таъсис ёфтааст, семинар- тренинги омӯзишӣ мегузаронад. Имсол дар осоишгоҳи истироҳатии ВКД « Садбарг», ки дар дараи хушманзараи Ромит ҷойгир аст, 30 нафар донишҷӯи курсҳои 3-5 аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи Қазоқистон, Қирғизистон , Афғонистон, ҳамчунин аз кишвари мо на танҳо дар машварату конфронсҳо ширкат меварзанд, балки хуб истироҳат намуда, дӯстони нав пайдо менамоянд. Дар рӯзи аввали баргузории семинар меҳмонон ба кори ташкилкунандагони чорабинӣ ва ба донишу заковати донишҷӯён чун дипломату сиёсатмадорони оянда баҳои баланд доданд. Махсусан, бо забони англисӣ хеле озодона ҳарф задани донишҷӯён ба онҳо писанд омад. Донишҷӯён асосан ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазъияти байналхалқии ҷаҳон ва ҳамкориҳои байни давлатҳо мароқ зоҳир намуданд. Бояд гуфт , ки Маркази иттилоотӣ, маърифатӣ ва фарҳангии « Вектор – Интеллект» ташкилоти ҷамъиятии бисёрсоҳа ба ҳисоб рафта, моҳи декабри соли 2004 ташкил ёфтааст. Директори марказ Абдуҷаббор Сатторов Академики фахрии Академияи Илмҳои Руссия, Корманди хизматнишондодаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дорандаи ордени «Нишони фахрӣ» буда, асарҳои зиёди илмӣ дошта, ташкилкунандаи Донишгоҳи Славянии Руссияву Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






