АВҶИ ФУТБОЛ ДАР БАДАХШОН
Душанбе, 29 июл.(АМИТ « Ховар», Л. Додо).- То таҷлили 13-умин солгарди Рӯзи Ваҳдат, ки бо ширкати Президенти кишвар дар шаҳри Хоруғ варзишгоҳи барҳаво барои 5 ҳазор ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд, футболбозӣ дар ВМКБ камтар ба чашм мерасид. Дар тӯли 1 моҳи баъди иди Ваҳдат бошад дар Бадахшон қариб 50 даста ташкил шуд Ҳафтаи сеюм аст, ки дар варзишгоҳи нави шаҳри Хоруғ байни дастаҳо вохӯриҳои рафиқона идома дорад. Агар дар рӯзҳои аввал тимҳои маҳаллаҳои маркази вилоят ғолиб меомаданд, вақтҳои охир бештар дастаҳои деҳот ғолиб меоянд. Дар вохӯрии дастаҳои маҳаллаи Тусиёни ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ пирӯзӣ насиби дастаи ноҳияи Роштқалъа гардид. Вохӯрии рафиқонаи футболбозон идома дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






