БА ҶОИ ЗИСТИ ДОИМӢ МЕКӮЧАНД
Нуробод, 6 июл. (АМИТ «Ховар», М.Ризвонов).-Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар оғози корҳои сохтмонии НБО «Роғун» дар навбати аввал кӯчонидани аҳолӣ аз деҳаҳои Алӣ галабон ,Чорсада, Оби борики поён, Чинор ва маркази ҷамоати Комсомолобод идома дорад. То имрӯз аз ҳисоби мардуми ин маҳал 187 оила ба ноҳияҳои Данғара, 153 оила ба ноҳияи Рӯдакӣ, 185 оила ба ноҳияи Турсунзода кӯчонида шуданд. Ҷамъи муҳоҷирони экологӣ 562 оиларо ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки шумораи аҳолии мекӯчида то охири соли 2010 1 ҳазору 267 оиларо ташкил медиҳад.-гуфт ба хабарнигори АМИТ «Ховар», сардори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳияи Нуробод Ғайбулло Розиев.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






