БА БУҶАИ ШАҲР ВОРИД ШУДАНИ 11 МЛН. 811 ҲАЗОР СОМОНӢ

Июль 21, 2010 10:21

Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Буҷаи шаҳр аз ҳисоби даромади корхонаю идораҳо  сол то сол зиёд мегардад,- иброз дошт раиси шаҳри Ваҳдат Анвари Вайсиддин дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Тибқи маълумоти омории шаҳри Ваҳдат, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби даромади корхонаҳо ба буҷаи шаҳр 11 млн. 811,2 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки он  баробари 106 фоизи нақша буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2009  3 млн. 329,6 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳукумати шаҳр ҳангоми маблағгузорӣ моддаҳои ҳимояшавандаи музди меҳнат, суғуртаи иҷтимоӣ, нафақа, стипендия, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулиҳо               барои истифодаи қувваи барқу газро дар  мадди аввал гузошта, хароҷоти беҳуда аз қабили сафарҳои хизматӣ, таъмири капиталӣ, чорбиниҳои сермасраф, кам кардани нуқтаҳои телефонҳои идоравӣ ва маводи кансе ляриро маҳдуд намуд, ки ҳамаи он барои саривақт додани маоши коргарону хизматчиён мусоидат намуд. Фаъолияти меҳнатии сокинони ноҳия дар ҷамъбасти шашмоҳа аз ҷониби Президенти кишвар қадрдонӣ шуд, ки ин худ ҷавоб  ба  заҳмати пурсамари шабонарӯзии ҳамаи сохторҳои хоҷагидории шаҳру ноҳия мебошад,- афзуд раис дар баромади худ. Сипас ба саволҳои хабарнигорон   роҳбарони сохторҳои марбута ҷавоб гуфтанд, ки ин ҳам як шакли иҷрои Қонун дар бораи додани иттилоот мебошад.    Конфронс дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ  хуб ҷамъбаст гардид.  

Июль 21, 2010 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид