БАРГУЗОРИИ 283 ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ

Июль 22, 2010 09:42

Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар марказҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 283 ярмаркаи ҷойҳои кории  холӣ гузаронида шудааст, ки 2 ҳазор нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд. Аз ин ҳисоб  21 фоизашонро занони корҷӯ ташкил додаанд. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, бо вуҷуди аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои кордиҳанда пешниҳод шудани ҷойҳои зиёди кории  холӣ, аз сабаби камии маош,  на ҳама барои худ ҷойи кори доимӣ интихоб карданд. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 750 – 800 ҳазор нафар корҷӯёни мавсимӣ барои пайдо кардани кор ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Ин раванди муҳоҷират барои ҳамаи шаҳрвандони   ИДМ хос аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин  истисно нест. Тибқи маълумоти оморӣ, дар давоми сол беш аз 18 – 20 млн. шаҳрвандони ИДМ барои дарёфти  кори маоши баланд дошта,  чун муҳоҷирони меҳнатии мавсимӣ   ба давлатҳои хориҷ сафар  мекунанд.

Июль 22, 2010 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад