БАРГУЗОРИИ 283 ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар марказҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 283 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шудааст, ки 2 ҳазор нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд. Аз ин ҳисоб 21 фоизашонро занони корҷӯ ташкил додаанд. Тибқи маълумоти ҳамин манбаъ, бо вуҷуди аз ҷониби ташкилоту корхонаҳои кордиҳанда пешниҳод шудани ҷойҳои зиёди кории холӣ, аз сабаби камии маош, на ҳама барои худ ҷойи кори доимӣ интихоб карданд. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 750 – 800 ҳазор нафар корҷӯёни мавсимӣ барои пайдо кардани кор ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Ин раванди муҳоҷират барои ҳамаи шаҳрвандони ИДМ хос аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин истисно нест. Тибқи маълумоти оморӣ, дар давоми сол беш аз 18 – 20 млн. шаҳрвандони ИДМ барои дарёфти кори маоши баланд дошта, чун муҳоҷирони меҳнатии мавсимӣ ба давлатҳои хориҷ сафар мекунанд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






