БАРНОМАИ МАХСУСИ КОМПЮТЕРӢ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ

Июль 21, 2010 11:47

Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Тибқи иттилои раёсати тандурустии вилояти Суғд  19   июли соли ҷорӣ  семинари вилоятӣ оид ба тадбиқи амалии барномаҳои махсуси компютерии тиббӣ барои роҳбарони муассисаҳои тиббӣ ва мутахассисони соҳаи омори тиббӣ оғоз гардид ва ин чорабинӣ то санаи 25 июл идома меёбад. Зикр бояд кард, ки дар соҳаи тандурустии вилоят алҳол якчанд барномаҳои махсуси компютерӣ, ба мисли «Беморхона»,   «Омори тиббӣ» ва «Муҳосибот» мавриди тадбиқ қарор гирифтаанд. Дар ояндаи наздик омўзиши мутахассисони муассисаҳои тиббии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ва тадбиқи пурраи ин барномаҳо дар муассисаҳои тиббии вилоят ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Июль 21, 2010 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад