БУНЁДИ МАҶМААИ НАВИ ГУМРУКӢ

Июль 22, 2010 14:53

Душанбе, 22 июл. ( АМИТ « Ховар»,  Лутфия Эшонқулова).- 21 июл дар  дидбонгоҳи  сарҳадии « Панҷи  поён»  маҷмааи  нави  гумрукӣ  кушода шуд. Дар расми ифтитоҳи  маҷмааи мазкур  муовини аввали  сардори    Хадамоти  гумрукии назди   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Неъмат Раҳматов,  сардори раёсати  хадамоти минтақавии   гумрукии вилояти  Хатлон Хуршед Бозор,  сафири ИМА дар  Тоҷикистон  Кен Гросс,  генерал-лейтенанти  Фармондеҳии  марказии ИМА Роберт  Ливингстон  ва дигар шахсони  расмӣ иштирок намуданд.  Лоиҳаи мазкур аз  ҷониби барномаи   мубориза бар зидди  маводи мухаддири   Фармондеҳии  марказии  ИМА дар хаҷми 7,6  миллион долари  ИМА   маблағгузорӣ шуда буд. Умуман барои  сохтмон ва  пурра таҷҳизонидани маҷмаа  зиёда аз 12 миллион  доллари ИМА  маблағ сарф шудааст. Сохтмони маҷмааи мазкур соли 2009 оғоз ёфта, дар   бунёди он  зиёда аз 150  нафар коргар  аз ҳисоби  аҳолии маҳаллӣ  меҳнат намудаанд. Пудратчии  маҷмааи  мазкур  Ҷамъияти   масъулияташ  маҳдуди «Сохтмони  итолиёви-афғонӣ» буд. Лоиҳаи  мазкур яке аз  ибтикороти  тоза аз  силсилаи кӯмакҳои ИМА   дар самти   таҳкими бехатарии  марзии Тоҷикистон  мебошад , ки  он сохтмони  пули дӯстии Афғонистону Тоҷикистонро дар  Панҷи поён,  гузаргоҳи сарҳадӣ, постгоҳҳои сарҳадии   марзҳои  Тоҷикистону Афғонистонро дар бар мегирад.              

Июль 22, 2010 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд