БУНЁДИ МАҶМААИ НАВИ ГУМРУКӢ
Душанбе, 22 июл. ( АМИТ « Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 21 июл дар дидбонгоҳи сарҳадии « Панҷи поён» маҷмааи нави гумрукӣ кушода шуд. Дар расми ифтитоҳи маҷмааи мазкур муовини аввали сардори Хадамоти гумрукии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъмат Раҳматов, сардори раёсати хадамоти минтақавии гумрукии вилояти Хатлон Хуршед Бозор, сафири ИМА дар Тоҷикистон Кен Гросс, генерал-лейтенанти Фармондеҳии марказии ИМА Роберт Ливингстон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби барномаи мубориза бар зидди маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА дар хаҷми 7,6 миллион долари ИМА маблағгузорӣ шуда буд. Умуман барои сохтмон ва пурра таҷҳизонидани маҷмаа зиёда аз 12 миллион доллари ИМА маблағ сарф шудааст. Сохтмони маҷмааи мазкур соли 2009 оғоз ёфта, дар бунёди он зиёда аз 150 нафар коргар аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ меҳнат намудаанд. Пудратчии маҷмааи мазкур Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сохтмони итолиёви-афғонӣ» буд. Лоиҳаи мазкур яке аз ибтикороти тоза аз силсилаи кӯмакҳои ИМА дар самти таҳкими бехатарии марзии Тоҷикистон мебошад , ки он сохтмони пули дӯстии Афғонистону Тоҷикистонро дар Панҷи поён, гузаргоҳи сарҳадӣ, постгоҳҳои сарҳадии марзҳои Тоҷикистону Афғонистонро дар бар мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






