CОҲИЛИ РӮДХОНАҲОИ ДУШАНБЕ ДАР МУВОЗИНАТИ ЯГОН ИДОРА НАБУДААСТ
Душанбе, 19 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар давоми 5 соли охир барои мустаҳкам кардани соҳили дарёҳое, ки аз ҳудуди Душанбе мегузаранд, шаҳрдории Душанбе 21 миллион сомонӣ сарф кардааст. Ин матлабро Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни баргузории ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баён дошт. Зикр шуд, ки тӯли соҳили дарёҳое, ки аз пойтахт мегузаранд, беш аз 60 километр буда, баъзе нуқтаҳояш дар фасли баҳор ҳангоми боришоти аз меъёр зиёд хатарафзо аст. Дар робита ба ин масъала муовини Сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов, ки дар ҷаласа ҳузур дошт, гуфт ки шаҳрдории Душанбе нисбат ба ин масъала, бо мактуб бояд ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд, то дар оянда рӯдхонаҳои Душанбе ба тавозуни ягон вазорат ва ё идораи марбута даромада, соҳилҳои он мустаҳкам карда шаванд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






