CОҲИЛИ РӮДХОНАҲОИ ДУШАНБЕ ДАР МУВОЗИНАТИ ЯГОН ИДОРА НАБУДААСТ

Июль 19, 2010 14:27

Душанбе, 19 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар давоми 5 соли охир барои мустаҳкам кардани соҳили дарёҳое, ки аз ҳудуди Душанбе мегузаранд,  шаҳрдории Душанбе 21 миллион сомонӣ  сарф кардааст. Ин матлабро Раиси  шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  дар ҷараёни  баргузории ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти  нимсолаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баён дошт. Зикр шуд, ки тӯли соҳили дарёҳое, ки аз пойтахт мегузаранд,  беш аз 60 километр буда, баъзе нуқтаҳояш дар фасли баҳор ҳангоми боришоти аз меъёр зиёд хатарафзо аст. Дар робита ба ин масъала муовини Сарвазири мамлакат Асадулло Ғуломов, ки дар ҷаласа ҳузур дошт, гуфт ки шаҳрдории Душанбе нисбат ба ин масъала, бо мактуб бояд ба Ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд, то дар оянда рӯдхонаҳои Душанбе ба тавозуни ягон вазорат ва ё идораи марбута даромада, соҳилҳои он мустаҳкам карда шаванд.  

Июль 19, 2010 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид