ДАР БОЗОРИ «САХОВАТ» ГЕРОИН ДАРЁФТ НАМУДАНД
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 808,4 гр героин дарёфт ва мусодира карда шуд. Дар вақти гузаронидани амалиёти махсус аз ҷониби кормандони бахши мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири шӯъбаи корҳои дохилии рақами 2 ноҳияи Синои пойтахт, шаҳрванд Абдулҳакимов Барот, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ш.Кулоби вилояти Хатлон, дастгир карда шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 22 июни соли равон дар назди бозори «Саховат» — и шаҳри Душанбе аз шаҳрванд Маҳмадуллоев Алишер, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Кулоб, 90 дона бастаи ба капсула монанд, ки дар дохилаш 808,4 гр героин буд, мусодира гардид, ки онро бо мақсади дар оянда барои ба Федератсияи Россия интиқол додан ба шаҳрванд Сафаров Ҳабибулло, соли таваллудаш 1974, низ истиқоматкунандаи шаҳри Кулоб додааст. Ин маводи марговар аз меъдаи Ҳ. Сафаров гирифта шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






