ДАР ДУШАНБЕ СПКСК МУАРРИФӢ ШУД

Июль 1, 2010 15:35

Душанбе, 1 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-1 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Стратегияи паст кардани  сатҳи камбизоатӣ (СПКСК) барои давраи солҳои 2010-2012 ва лоиҳаи нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷаи он муаррифӣ гардид. Дар муаррифии Стратегияи мазкур намояндагони Вазорату идораҳои мамлакат, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявии муқими Тоҷикистон иштирок карданд. Зимни муаррифии ин санади муҳим зикр шуд, ки  сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона гардида, ҷиҳати ноил шудан ба се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба даст овардани истиқлолияти  энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона мегардад. Афзалиятҳои асосии Стратегияи Миллии Рушд ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба ислоҳоти  идоракунии давлатӣ, рушди  бахши хусусӣ ва ҷалби инвеститсияҳо, рушди нерӯи инсонӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон  нигаронида шудааст. Дар раванди таҳияи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз  ва гурӯҳи кории коршиносони маҳаллӣ  таъсис дода шуд. Дар назар аст, ки бо татбиқи Стратегияи мазкур сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 41, 4 %  коҳиш хоҳад ёфт. Бо мақсади таъмини мониторинг  ва арзёбии ҷараёни  татбиқи тадбирҳои  Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мақоми масъул муайян шудааст. Аз ин рӯ, мониторинги татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат амалӣ гардонида мешавад. Мавриди зикр аст, ки Стратегияи  мазкур дар ҷаласаи Шӯрои Миллии Рушди назди Президенти мамлакат  баррасӣ шуда, онро моҳи феврали соли 2010  палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тасдиқ намуда буд.

Июль 1, 2010 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд