ДАР ДУШАНБЕ СПКСК МУАРРИФӢ ШУД
Душанбе, 1 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-1 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ (СПКСК) барои давраи солҳои 2010-2012 ва лоиҳаи нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷаи он муаррифӣ гардид. Дар муаррифии Стратегияи мазкур намояндагони Вазорату идораҳои мамлакат, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои молиявии муқими Тоҷикистон иштирок карданд. Зимни муаррифии ин санади муҳим зикр шуд, ки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ равона гардида, ҷиҳати ноил шудан ба се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона мегардад. Афзалиятҳои асосии Стратегияи Миллии Рушд ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ба ислоҳоти идоракунии давлатӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби инвеститсияҳо, рушди нерӯи инсонӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон нигаронида шудааст. Дар раванди таҳияи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2010-2012 гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз ва гурӯҳи кории коршиносони маҳаллӣ таъсис дода шуд. Дар назар аст, ки бо татбиқи Стратегияи мазкур сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 41, 4 % коҳиш хоҳад ёфт. Бо мақсади таъмини мониторинг ва арзёбии ҷараёни татбиқи тадбирҳои Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мақоми масъул муайян шудааст. Аз ин рӯ, мониторинги татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат амалӣ гардонида мешавад. Мавриди зикр аст, ки Стратегияи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои Миллии Рушди назди Президенти мамлакат баррасӣ шуда, онро моҳи феврали соли 2010 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тасдиқ намуда буд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






