ДАР КӮЛОБ ҲАМ БА КОРТҲОИ ПЛАСТИКӢ МЕГУЗАРАНД

Июль 26, 2010 11:07

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, дар назар аст, ки то охири соли равон нафақагирони шаҳрҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки теъдоди онҳо 59 ҳазору 89 нафарро ташкил медиҳанд, нафақаи худро тавассути кортҳои бонкӣ дарёфт менамоянд. Боис ба ёдоварист, ки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  дар ҳамдастӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Амонатбонк» ба тариқи таҷриба дар Оҷонсии рақами  3-и шӯъбаи «Амонатбонк» -и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳоро ба нафақагирон тавассути кортҳои пластикии бонкӣ ба роҳ мондааст. То имрӯз 50 фоизи кортҳои бонкии нафақагирони шаҳри Қӯрғонтеппа ва 30 фоизи нафақагирони шаҳри Кӯлоб барои ба муҳофизаи   интернетӣ ҷой намудан омода шудаанд. То 20 – уми июли соли равон  теъдоди асноди ҷамъоваригардида ва омодашудаи нафақагирон 38 ҳазору 174 ададро  ташкил медиҳад, ки аз он 30 ҳазору 978 ададаш ба компютер ворид карда шудааст. 

Июль 26, 2010 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад