ДАСТГОҲ МУНТАЗИРИ КОРШИНОС
Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). Дар шаш моҳи соли 2010 90 дар сади муассисоти тандурустии ВМКБ таъмир ва аз нав сохта шудаанд. Дар нимсолаи аввал аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ба муассисоти тандурустии вилоят кӯмаки зиёд расонида шуд. Тамоми муассисоти тандурустии навоҳии вилоятро бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардониданд. Ба маблағи 73 ҳазор доллари амрикоӣ барои беморхонаи марказӣ ва Маркази саломатии ноҳияи Ванҷ таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла таҷҳизоти ташхисии электрокардиографӣ, рентгенӣ, ултрасадо, эндоскопӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ, бактериологӣ, таҷҳизотҳои табобати дандонпизишкӣ, физиотерапевтӣ ва маводи доруворӣ харида шуд. Таҷҳизоти ташхисии ултрасадоии доплерӣ, эндоскопӣ, бронхоскопӣ, систоскопӣ, дастгоҳҳои нафасдиҳандаи сунъии Марказҳои саломатии ноҳияҳои Шуғнон, Мурғоб, Роштқалъа ва Ишкошим таъмир шудаанд, вале бо вуҷуди нарасидани мутахассисони соҳа ва духтурон аз фаъолият боз мондаанд. Барномаҳои соҳавие, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, дар сатҳи лозима амалӣ намегарданд. Дар тамоми вилоят ҳамагӣ се муассисаи хусусии тиббӣ вуҷуд дораду халос. Бояд дар ин самт мақомоти дахлдори вилоят чораҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати ҳалли проблемаҳои ҷойдошта, инчунин беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасони ба аҳолии ин минтақаи дурдаст тадбирҳои мушаххас андешанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!






