«ДИРАМ»-НАҚШАИ НАВИ «ТАРОФАВӢ»
Душанбе, 14 июл. (АМИТ»Ховар», Мавзуна Бойева).-ҶММ «Таком» пешбарандаи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, ки зери тамғаи тиҷоратии «Билайн», дар чумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, нақшаи нави тарофавӣ бо пули миллӣ -«Дирам»-ро ба муштариён пешниҳод намуд. Дар нақшаи тарофавии «Дирам» муштариёни «Билайн» имконият пайдо менамоянд, ки бо нархи ба ҳама дастрас дар дохили шабака занг зананд. Нархи як занг 4 дирамро ташкил медиҳад. Нақшаи тарофавии «Дирам»-ин пешниҳоди дуюми ширкат бо пули миллист ,-изҳор намуд директори тиҷоратии ҶММ « Таком» Евгений Мониев . Бартарии фарқкунандаи он зангҳои фоидаовори дохили шабака ва назорати мувозинат новобаста аз қурби доллар ба ҳисоб меравад ,ки ин маҳаки асосиест зимни супоридани маблағи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ. Зангҳои дохилишабакавии 4 дирама ҳангоми ба хизматрасонии «Шабакаи ман» дохил шудан дастрас мегарданд. Қимати пайвастшавӣ ба «Шабакаи ман» 4,3 сомониро ташкил медиҳад .








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






