ДУЗДИИ САРДОРИ БРИГАДА ФОШ ШУД

Июль 8, 2010 11:27

Хуҷанд, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —   Сардори  бригадаи  Ҷамъияти  саҳҳомии  ба  номи  Онаҷон Бойматова  С.Чӯлпонов  аз  ҳисоби  заминҳои  захираи  давлатӣ 100 гектар  заминро ғайриқонунӣ  тақсим  карда,  бо  ин  роҳ  9 ҳазору  800  литр  сӯзишвории   дизелӣ  ва   зиёда  аз  1  миллион  доллари  Амрикоро  аз  худ  кардааст.  Ӯ маблағи  мазкурро   барои тақсими  замин  аз  700  сокини  шаҳри Конибодом  гирифтааст. Прокурори  вилояти  Суғд  Юсуф  Раҳмонов дар  ҷараёни  нишасти  матбуотӣ  хабар  дод, ки  дар   100 гектар  замини ғайриқонунӣ  тақсимкардашуда  сохтмони  биноҳо  мувофиқи қонун  манъ  карда  шудааст.  Зеро  аз  ин  ҷо  хати баландшиддати  қувваи  барқ  ва  қубурҳои гази  табиӣ  мегузаранд. Роҷеъ ба  ин  масъала  парвандаи  ҷиноӣ  кушода шуд ва тафтиши он  давом дорад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  вилояти  Суғд  дар  давоми  6  моҳи  соли равон  миқдори  зиёди  қонуншиканӣ  дар  масъалаи  тақсими  замин  ба  қайд  гирифта  шуд.  Дар  робита  192   амр  содир  карда, 121  эътироз  пешниҳод  намуда ва  866 нафар  ба  ҷавобгарии  маъмурию  интизомӣ  кашида  шуд.  Камбудиҳо  дар  бобати  тақсими  ғайриқонунии  замин,  фурӯши он  ва  сӯистифода  аз  вазифа  дар  шаҳру ноҳияҳои  Исфара,  Панҷакент, Истаравшан, Спитамен ва  ғайра ба  қайд  гирифта шуданд.  

Июль 8, 2010 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад