ДУЗДОНИ НОБОЛИҒ ДАСТГИР ШУДАНД
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 28 июни соли равон ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ аризаи шаҳрванд Юнусова Нодира, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи ҷамоати Испечак ворид гардид. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ки шахсони номаълум рӯзи 21 июни соли равон аз хонаи истиқоматии ӯ 1 адад гарданбанди тиллогин арзишаш 1 250 доллари ИМА, 1 адад ангуштарини тиллогини арзишаш 200 доллари ИМА, 1 адад дастмонаи тиллогини арзишаш 300 доллари ИМА, 1 ҷуфт гӯшвор 100 доллари ИМА ва 500 доллар пули нақд, 6 метр парда, 1 адад DVD арзишаш 70 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 2 350 доллари ИМА ва 70 сомонро дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ ноболиғон Назаров Маҳмадтолиб, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ҷамоати Чоряккорон, деҳаи Ҳуснобод, хонандаи синфи 9 мактаби таълими умумии №-96 ва Неъматов Беҳруз, соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи ҷамоати Испечак, деҳаи Зафар ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят дастгир карда шуданд. Далели шайъӣ гирифта шуд. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






