ЭҲЁИ СОҲАИ ТАМОКУПАРВАРӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ

Июль 7, 2010 10:27

Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хоҷагиҳои ноҳияи Панҷакент дар замони шӯравӣ барои тамокупарварӣ махсус гардонида шуда буданд ва ноҳия аз ин соҳаи кишоварзӣ дар як сол то 40 миллион рубл даромад мегирифт,- иброз дошт сардори Раёсати кишоварзии ноҳия                С. Иноятов телефонӣ  ба мухбири АМИТ «Ховар». Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, ин соҳаи кишоварзӣ то соли 2004 фаъолият дошт ва беш аз 9 ҳазор тонна тамоку истеҳсол мекард.  Якбора кам шудани талаботи корхонаҳои коркарди тамокуи Федератсияи Русия нисбати маҳсулоти соҳа,  тамокупарварӣ дар ноҳияи Панҷакент пурра қатъ карда шуд. Соли ҷорӣ тибқи дархости корхонаҳои истеҳсолкунандаи тамокуи Федератсияи Русия ин соҳа аз нав ба роҳ монда шудааст. Ҳоло   хоҷагиҳои тамокупарвари ноҳия дар масоҳати 150 га тамоку шинонда парвариши онро ба роҳ монданд. Тибқи шартнома, корхонаҳои коркарди тамокуи Федератсияи Русия ӯҳдадор шудаанд, ки хоҷагиҳои тамокупарвари ноҳияро  бо нуриҳои минералӣ таъмин намуда, барои истеҳсоли  ҳар як кило тамоку    5 сомонӣ маблағгузорӣ  намоянд.  Ба имзо расонидани чунин шартнома имкон медиҳад, ки вазъи молиявиии ҳар як хоҷагии тамокупарвар беҳтар гардида, соҳа аз нав эҳё ва рушду тараққӣ ёбад.

Июль 7, 2010 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш