Э. РАҲМОН ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Июль 8, 2010 16:29

8 июли соли 2010 аз ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд ташриф оварда, нахуст ба зиёрати оромгоҳи Шамси Табрезӣ, ки тибқи маълумоти зиёди таърихию фарҳангӣ ва ривоятҳои мардумӣ маҳз дар деҳаи Вешаби ноҳияи мазкур солҳои охири ҳаёти худро сипарӣ намуда, дар ҳамин ҷо ҷисмаш ба хок супорида шудааст, раҳсипор шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ў дар назди оромгоҳи Шамси Табрезӣ бо қироати оятҳо аз қуръони Маҷид ба рўҳи поки ин орифи маъруфу машҳури олам ва ҳам барои ободиву шукуфоии Тоҷикистони азиз дуои накў карданд. Дар деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ бо иштироки Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони хатти 220 киловолтаи интиқоли нерўи барқи Суғд-Айнӣ дар фазои тантанавӣ оғоз ёфт. Пояи нахустини  ин хатти барқӣ бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Президенти мамлакат ба мардуми ҷамъомада мужда расонд, ки ин хат дар арафаи ҷашни 20 солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, яъне баъд аз як сол бояд мавриди истифода карор гирифта, дар роҳи таъмини истиқлоли энергетикии кишвар қадами устувор гардад. Ҳамчунин зикр гардид, ки ин хат ба 118 км тўл кашида, имкон медиҳад, ки водии Зарафшон низ тавассути хатти 500 киловолтаи ҷануб – Шимол ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар пайваст шуда, аз мушкилоти норасоии нерўи барқ раҳо ёбад. Ин лоиҳаи инвеститсионӣ бо харҷи 130 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкати ТВЕА – ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.                                                        

Июль 8, 2010 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!