ЭСТАФЕТАИ МАШЪАЛИИ ДАВИ УМУМИҶАҲОНӢ-2010 ОҒОЗ ЁФТ

Июль 19, 2010 10:43

Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). —  17  июл дар гузаргоҳи сарҳадии «Қушқанд» воқеъ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Эстафетаи машъалии Дави умумиҷаҳонӣ-2010 оғоз ёфт. Таи ду рӯз марафон дар самти ноҳияҳои Шаҳристон, Айнӣ идома ёфта имрӯз, 19 июл дар самти ноҳияи Варзоб сурат мегирад. Ҳамчунин, имрӯз иштирокчиёни эстафета ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар хоханд гузошт. Лозим ба зикр аст, ки ҳамоҳангсози машъали Дави умумиҷаҳонӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст. Дар он 20 варзишгар аз Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд Эстафета таи се рӯз доир гардида, пагоҳ дар самти ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода ва гузаргоҳи сарҳадии «Дустӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон идома меёбад.        

Июль 19, 2010 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад