ЭЪТИБОРИ «ТОҶИК — ЭЙР» — РО ДОНИСТА ПАСТ МЕЗАНАНД

Июль 8, 2010 13:25

Душанбе,  8 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия  Эшонқулова). —  Субҳи  7  июл   парвози  ҳавопаймоҳои  мусофирбар  аз Душанбе  ба  шаҳрҳои  Санкт – Петербург, Маскав ва  Хуҷанд  боздошта шуд. Аз  дафтари  матбуоти  Корхонаи  воҳиди  давлатии «Фурудгоҳи  байналмилалии  Душанбе» ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар доданд, ки  сабаби  асосии  мавқуф  гузоштани  парвози ҳавопаймоҳо  напардохтани  қарзи ширкати ҳавонавардии  «Тоҷик  — Эйр» аз  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Ширкати таъминоти  сӯзишворӣ» мебошад.  Вале  котиби  матбуоти  «Тоҷик – Эйр» ин  даъвои беасосро  рад  намуд. Котиби  матбуоти «Тоҷик – Эйр» Лола  Кенҷаева  сабаби  боздоштани парвози  ҳавопаймоҳоро  чунин  шарҳ  дод : — Ҳақиқатан, субҳи  7  июл  парвози  ҳавопаймоҳо  ба  самти  шаҳрҳои Екатеринбург,  Санкт – Петербург,  Бишкек,  Шарҷа ва  Хуҷанд  бо  сабаби   сари  вақт  дода нашудани  сӯзишвории  авиатсионӣ боздошта  шуд. Мо  иқрор  мешавем, ки  аз  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Ширкати  таъминоти  сӯзишворӣ» қарздорем. Қарзи  мазкур  мувофиқи  ҷадвали  мувофиқанамудаи  ҳар  ду  ҷониб  пардохта  мешавад. Бегоҳии  6  июл  бо роҳбарияти  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Ширкати таъминоти  сӯзишворӣ»  паймон  карда шуд, ки  ҳавопаймоҳои  «Тоҷик – Эйр»  бо  сӯзишворӣ  пур  карда  мешаванд. Вале,  субҳи  рӯзи  дигар  вақте ки  ба  ҳисоби  «Ширкати таъминоти  сӯишворӣ» қисми  бештари   маблағи  қарз  гузаронида шуд,  кормандони  ширкат  изҳор  карданд, ки  роҳбаронашон  дар  бораи   пур  накардани  ҳавопаймоҳои  «Тоҷик – Эйр» бо  сӯзишворӣ  дастур  дода,   баромада  рафтаанд. Баъдан роҳбарияти  ширкат  ба  зангҳои  сершумори телефон ҷавоб  надод. Дар ин  маврид роҳбарияти «Тоҷик – Эйр» ба  намояндагони Вазорати  мудофиаи  Фаронса  муроҷиат  карданд, ки  дар  ҳудуди  фурудгоҳи  Душанбе  ҷой  дода шудаанд.  Ҳамкасбони  фаронсавӣ бо  камоли  майл кӯмак  расониданд. Вале   мошинҳои   сӯзишвории онҳо  аз  ҷониби «Ширкати таъминоти  сӯзишворӣ» ба  фурудгоҳ  роҳ  дода нашуданд.  Масъала   танҳо  вақте   ҳал  карда шуд,  ки  директори генералии  «Ширкати таъминоти  сӯзишворӣ»  ба  ӯтоқи  кориаш  ҳозир  шуд  ва  сӯҳбати  телефонӣ  бо  ӯ  муяссар  гардид. Лола  Кенҷаева аз  рафти  воқеа хулоса  бароварда, зикр  намуд, ки  обрӯю  эътибори Корхонаи  воҳиди давлатии «Тоҷик – Эйр» дидаю  дониста,  аз ҷониби  муассисаҳое  паст зада  мешавад, ки  чанде  пеш  ба  ҳайати  ширкати  ҳавонавардии  «Тоҷик – Эйр»  шомил  буданд. Ин  муассисаҳо  Ҷамъияти  саҳҳомии  «Ширкати таъминоти  сӯзишворӣ» ва   корхонаи  воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе» мебошанд. Дар  байни  мусофирони  ҳавопаймоҳои боздошташуда,  овоза   паҳн  шуд, ки  гӯё Ширкати  ҳавонавардии «Тоҷик – Эйр» муфлис  гардидааст ва  онҳо  бояд  ба  ҳавопаймоҳои  мусофирбари  ширкатҳои  дигар  чипта  харанд. Котиби  матбуоти  Корхонаи  воҳиди давлатии  «Фурудгоҳи байналмилалии  Душанбе»  Маҳмадюсуф Шодиев  аввалин  шуда,  дар  бораи боздоштани  ҳавопаймоҳои  мусофирбар   хабар  дод, ки ин  ба  салоҳияти ӯ  умуман  дахл  надорад. Вазифаи  мазкур ба  зиммаи дафтари  матбуоти  Корхонаи  воҳиди давлатии  «Тоҷик – Эйр»  гузошта шудааст.  Роҳбари  дафтари  матбуоти «Тоҷик – Эйр» Л.Кенҷаева  дар  хотима  изҳор  намуд, ки  роҷеъ ба  ин  масъала  касе  ба  ӯ  муроҷиат  накардааст.

Июль 8, 2010 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад