ЭЪТИБОРИ «ТОҶИК — ЭЙР» — РО ДОНИСТА ПАСТ МЕЗАНАНД
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Субҳи 7 июл парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар аз Душанбе ба шаҳрҳои Санкт – Петербург, Маскав ва Хуҷанд боздошта шуд. Аз дафтари матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки сабаби асосии мавқуф гузоштани парвози ҳавопаймоҳо напардохтани қарзи ширкати ҳавонавардии «Тоҷик — Эйр» аз Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» мебошад. Вале котиби матбуоти «Тоҷик – Эйр» ин даъвои беасосро рад намуд. Котиби матбуоти «Тоҷик – Эйр» Лола Кенҷаева сабаби боздоштани парвози ҳавопаймоҳоро чунин шарҳ дод : — Ҳақиқатан, субҳи 7 июл парвози ҳавопаймоҳо ба самти шаҳрҳои Екатеринбург, Санкт – Петербург, Бишкек, Шарҷа ва Хуҷанд бо сабаби сари вақт дода нашудани сӯзишвории авиатсионӣ боздошта шуд. Мо иқрор мешавем, ки аз Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» қарздорем. Қарзи мазкур мувофиқи ҷадвали мувофиқанамудаи ҳар ду ҷониб пардохта мешавад. Бегоҳии 6 июл бо роҳбарияти Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» паймон карда шуд, ки ҳавопаймоҳои «Тоҷик – Эйр» бо сӯзишворӣ пур карда мешаванд. Вале, субҳи рӯзи дигар вақте ки ба ҳисоби «Ширкати таъминоти сӯишворӣ» қисми бештари маблағи қарз гузаронида шуд, кормандони ширкат изҳор карданд, ки роҳбаронашон дар бораи пур накардани ҳавопаймоҳои «Тоҷик – Эйр» бо сӯзишворӣ дастур дода, баромада рафтаанд. Баъдан роҳбарияти ширкат ба зангҳои сершумори телефон ҷавоб надод. Дар ин маврид роҳбарияти «Тоҷик – Эйр» ба намояндагони Вазорати мудофиаи Фаронса муроҷиат карданд, ки дар ҳудуди фурудгоҳи Душанбе ҷой дода шудаанд. Ҳамкасбони фаронсавӣ бо камоли майл кӯмак расониданд. Вале мошинҳои сӯзишвории онҳо аз ҷониби «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ба фурудгоҳ роҳ дода нашуданд. Масъала танҳо вақте ҳал карда шуд, ки директори генералии «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ба ӯтоқи кориаш ҳозир шуд ва сӯҳбати телефонӣ бо ӯ муяссар гардид. Лола Кенҷаева аз рафти воқеа хулоса бароварда, зикр намуд, ки обрӯю эътибори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик – Эйр» дидаю дониста, аз ҷониби муассисаҳое паст зада мешавад, ки чанде пеш ба ҳайати ширкати ҳавонавардии «Тоҷик – Эйр» шомил буданд. Ин муассисаҳо Ҷамъияти саҳҳомии «Ширкати таъминоти сӯзишворӣ» ва корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» мебошанд. Дар байни мусофирони ҳавопаймоҳои боздошташуда, овоза паҳн шуд, ки гӯё Ширкати ҳавонавардии «Тоҷик – Эйр» муфлис гардидааст ва онҳо бояд ба ҳавопаймоҳои мусофирбари ширкатҳои дигар чипта харанд. Котиби матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Маҳмадюсуф Шодиев аввалин шуда, дар бораи боздоштани ҳавопаймоҳои мусофирбар хабар дод, ки ин ба салоҳияти ӯ умуман дахл надорад. Вазифаи мазкур ба зиммаи дафтари матбуоти Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷик – Эйр» гузошта шудааст. Роҳбари дафтари матбуоти «Тоҷик – Эйр» Л.Кенҷаева дар хотима изҳор намуд, ки роҷеъ ба ин масъала касе ба ӯ муроҷиат накардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд






