ХАВФИ ҲУҶУМ БОҚӢ МОНДААСТ

Июль 19, 2010 12:11

Душанбе, 19 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Корхонаи ҷумҳуриявии воҳиди давлатии «Мубориза бар зидди малах» то 14 – уми июли соли ҷорӣ паҳншавии малах дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 101 ҳазору 300 гектар ба қайд гирифта шудааст, ки аз он ҳашароти  84 ҳазору 433 гектарашро бо роҳи коркарди кимиёвӣ нобуд сохтанд. Айни замон, дар маъракаи мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон аз 764 қувваи корӣ, 27 адад трактори дорупош    ва 518 адад дорупошакҳои дастӣ истифода карда мешавад. Майдони паҳншудаи  малах дар вилояти Хатлон нисбатан зиёд аст. Малах дар ин вилоят дар масоҳати 47 ҳазору 900 гектар замини чарогоҳ ва зироатҳои ғалладонагӣ паҳн шудааст. Сабаби дар майдони зиёд паҳн шудани  малахро дар ин вилояти ҷумҳурӣ мутахассисон дар нокифоя истифода кардани  заҳрхимикатҳо ба  муқобили ҳашароти зараррасон  дар соли сипаришуда медонанд. Бо вуҷуди  дар масоҳати 45 ҳазору 950 гектар  бо роҳи кимиёвӣ нобуд сохтани малах   ҳанӯз хавфи ҳуҷуми он ба майдони пахтаю ғаллазори ин вилоят боқӣ мондааст.                                                                                                                                                                       

Июль 19, 2010 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад