КАМБИЗОАТОН АЗ ИМТИЁЗҲО ИСТИФОДА МЕБАРАНД
Душанбе, 30 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2008 «Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ» дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 3894 оила ба маблағи 147 ҳазору 996 ҳазор сомонӣ кӯмак расонида шудааст. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳамчунин ба 7951 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба маблағи 15 ҳазору 920 сомонӣ ҷубронпулӣ, ба 40 нафар мактаббачагон ва донишҷӯён ба маблағи 10 ҳазору 450 сомонӣ стипендияи раиси шаҳр ва ба 90 нафар шаҳрвандони камбизоат аз ҳисоби фонди эҳтиётии раиси шаҳр 3935 сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






