КОНСЕПСИЯИ РУШДИ СОҲАИ СОХТМОН ДАР КӮЛОБ

Июль 27, 2010 15:30

Кӯлоб, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Таи солҳои  охир мақомоти маҳалӣ ва масъулини бахши сохтмон ва меъмории шаҳри Кӯлоб ба соҳаи сохтмон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, ин ҷо аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии шаҳру ноҳия ва вилояту ҷумҳурӣ бисёр биноҳои зебою барҳаво ва замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Айни замон дар шаҳр сохтмони як қатор иншооти ниёзи мардум идома дорад ва  бо мақсади санҷиш аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур ва ҳамчунин сатҳи иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Консепсияи рушди соҳаи сохтмон дар шаҳри Кӯлоб» комиссияи депутатҳои вилояти Хатлон аз рафти сохтмонҳо ва сифати корҳои иҷрошуда санҷиш гузарониданд. Ҳайъати комиссия диққати асосиро ба иншооте равона карданд, ки сохтмони онҳо аз буҷаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳри маблағгузорӣ карда мешаванд. Ҳангоми санҷиш таъкид гардид, ки дар сохтмони биноҳо мебояд усулҳои муосири меъморӣ ва масолеҳу таҷҳизоти камхарҷу дастрас истифода бурда шавад.  

Июль 27, 2010 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад