КОРХОНАИ НАВ

Июль 8, 2010 16:42

Истаравшан, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —  Дар  маркази  шаҳри  Истаравшан  бинои  нави   сеошёнаи  Маркази  хизматрасонии «Садбарг» қомат  афрохт, ки  онро  соҳибкори  маҳаллӣ Шавкат  Аюбов  бунёд  намудааст. Муовини раиси  шаҳри  Истаравшан Ҳаким  Бобоев  хабар  дод, ки  барои сохтмони маркази  хизматрасонӣ  бештар  аз  1  миллион  сомонӣ сарф  шуд Маркази  хизматрасонӣ  боғчаи  бачагонро  барои  50  нафар,  майдончаҳои  бозии  бачагона, меҳмонхонаи  дорои  22  кати  хоб,  мағозаи  хӯрокворӣ,   ошхона,  ҳаммомҳои   мардонаю  занона, ороишгоҳи  занона ва  ғайраро  муттаҳид месозад. Соҳиби  корхона Шавкат  Аюбов  зикр  намуд, ки  дар  ин  ҷо  150  нафар  бо  кори  доимӣ  таъмин  карда шуд. Мо  бо  ҳамин  роҳ  дар  ободии  шаҳру  деҳоти  мамлакат,  беҳтар  сохтани  шароити  зиндагии  мардум ва  рушди  соҳибкорӣ  саҳм  мегузорем,  гуфт  вай.

Июль 8, 2010 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад