КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ НАТО ДАР ТОҶИКИСТОН

Июль 20, 2010 09:07

            Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар»). — 18 июли соли 2010 дар фурӯдгоҳи байналмиллалии Душанбе Котиби амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов ва Вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев бо Котиби генералии НАТО Андерс Фог Расмуссен вохӯрданд.            Зимни вохӯрӣ тарафҳо масоили ҳамкориҳои НАТО ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи мубориза бо терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъияти минтақа ва Афғонистон баррасӣ намуданд.            Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назриев хабар дод.             Д. Назриев зикр намуд, ки Андерс Фог Расмуссен аз Тоҷикистон дар роҳи сафар ба Кобул, ки он ҷо дар Конфронси байналмиллалӣ доир ба Афғонистон иштирок менамояд, боздид намудааст.

Июль 20, 2010 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!