МАҚБАРАИ ХОҶАМАШҲАД БАРҚАРОР КАРДА ШУД

Июль 7, 2010 10:57

 Душанбе,  7 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия  Эшонқулова). —  Яке аз  ёдгориҳои  қадимтарини  фарҳангии  Тоҷикистон  мақбараи  Хоҷамашҳад, ки  дар  ноҳияи Шаҳритус  воқеъ  аст,  пурра  барқарор  карда шуд ва  зиёраткунандагони аввалинро  қабул  кард. Маросими  ифтитоҳи  мақбара  6  июл  бо  иштироки  сармутахассиси  шӯъбаи  ҳифз ва  истифодаи  мероси  таърихию  фарҳангии  Вазорати  фарҳанг Шералӣ  Ҳоҷиев,  раиси  ноҳияи  Шаҳритус  Холмурод  Раҳмонов,  сафири  ИМА  дар  Тоҷикистон  Кеннет  Кросс  ва  намояндагони зиёиёни  мамлакат   баргузор  гардид. Мақбараи  Хоҷамашҳад  бо  кӯмаки  молиявии   сафоратхонаи  ИМА  дар  Тоҷикистон  барқарор  карда  шуд.  Сафири  ИМА  зикр  намуд, ки  барои  барқарор  сохтани  мақбара 106  ҳазор  доллари  ИМА  сарф   шуд.  Аз  рӯи  маълумоти  сарчашмаҳои таърихӣ, мақбараи  мазкур  дар  асри  9  сохта шудааст  ва дар  вақташ  яке  аз  марказҳои  асосии  ташвиқу  тарғиби  ислом  дар  минтақа  ба  шумор  мерафт. Бояд  гуфт, ки  бинои  мақбара  ва  мадрасаи  он  бо  мурури  замон  қариб тамоман  хароб  гардида буданд. Танҳо  деворҳои  бузурги онҳо  боқӣ  монда буданду  халос.  Мадрасаи  дар  назди  мақбара   сохташуда дар  асри  10  яке  аз  марказҳои  калонтарини  таълимӣ  ба  шумор  мерафт. Шогирдони он  таърих,  адабиёт, ҷуғрофия,  ситорашиносӣ ва  дини  исломро  меомӯхтанд. Дар  байни  донишҷӯни  мадраса шоир,  мутафаккир ва  сайёҳи  бузурги тоҷик  Носири  Хисрав  ҳам буд. Дар  дохили  мақбара  якчанд  қабр  мавҷуд  аст.  Аз  рӯи  баъзе  маълумотҳои таърихӣ   дар  ин  қабрҳо  тарғиботчиёни  аввалини  дини  ислом  дафн  карда шудаанд. Онҳоро  муғулҳо  дар  асри  13  ба  қатл  расонида,  дар  ин  ҷо  дафн  кардаанд. Ҳамаи  бино  бо  хишт  сохта шудааст.   Нақшу  нигори  деворҳои он низ   аз хишт  буда,   гуногунранг  ва  гуногунмазмун  мебошанд.  Дар  маросими  ифтитоҳи  мақбара   имом – хатиби  масҷиди  «Ҷорҷтом» — и  Вашингтон  Яҳё  Ҳиндӣ   иштирок  дошт.   Вай дар  бораи  аҳамияти   чунин   осори  таърихӣ   ва  нақши онҳо  дар  пайванд  сохтани  равобити  гузаштаю  имрӯза  ва  имрӯзаю оянда  сухан  ронд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  бо  қарори  Ҳукумати  Тоҷикистон,  мақбараи  Хоҷамашҳад  ба  рӯйхати  ёдгориҳои  таърихию  фарҳангии  Тоҷикистон  дохил  карда шудааст.  

Июль 7, 2010 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад